АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ МИҲД-И ШАҲРИ НОРАК ОИД БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Facebook
Telegram
WhatsApp

17-уми марти соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак таҳти раёсати раиси Комиссияи МИҲД-и шаҳр оид ба ҳолатҳои фавқулода Иброҳим Мирзозода ҷаласаи натиҷагирии фаъолияти комиссияи мазкур дар семоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.

Дар он аъзои Комиссияи МИҲД-и шаҳр оид ба ҳолатҳои фавқулода, намояндагони сохторҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, раисони комиссияҳои эвакуатсионӣ ва устуворкунии фаъолияти иншооти иқтисодии шаҳр иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак оид ба ҳолатҳои фавқулода дар семоҳаи аввали соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ, рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29-уми декабри соли 2006, №778 «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ташкил ва истифодабарии захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ» ва аз 31-уми майи соли 2012, №262 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ташкил намудани паноҳгоҳҳо ва дигар иншооти мудофиаи гражданӣ», омодагии қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ барои гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда дар мавсими баҳории соли 2026 ва мавсими оббозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нахуст, ҳисоботи муовини раиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак оид ба ҳолатҳои фавқулода, сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳри Норак, полковник Аваз Сафарбек оид ба фаъолияти анҷомдода дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.

Қайд гардид, ки дар семоҳаи аввали соли 2026 ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, таъмини омодабошии қувваю воситаҳо, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва мустаҳкам намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута як қатор чораҳои мушаххас амалӣ гардидаанд.

Раиси Комиссияи МИҲД-и шаҳр оид ба ҳолатҳои фавқулода, раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки таъмини амнияти аҳолӣ ва ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба шумор рафта, дар ин замина иҷрои саривақтӣ ва босифати ҳамаи чорабиниҳои банақшагирифташуда ҳатмӣ мебошад.

Дар идома вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба масъулини соҳа ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои пешгирикунанда, баланд бардоштани сатҳи омодабошии қувваю воситаҳо, беҳтар намудани ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва таъмини бехатарии аҳолӣ дар мавсимҳои хавфнок ва тақвияти сатҳи омодагию ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин, масъулин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел, ярч ва ҳодисаҳои нохуш дар мавзеъҳои оббозӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.Дар охир аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур дар асоси амри раиси шаҳри Норак, аз 12-уми марти соли 2026, №6 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани ҷаласаи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак оид ба ҳолатҳои фавқулода» роҳандозӣ гардид.