Аёдати сарбозони қисми ҳарбии 6593-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак

Facebook
Telegram
WhatsApp

14-уми ноябри соли 2025 роҳбарияти шаҳри Норак, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба аёдати сарбозону афсарони қисми ҳарбии 6593-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ташриф оварданд.

Дар ҷараёни аёдат, муовини раиси шаҳр аз фаъолияти хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дидан намуда, барои иҷрои содиқонаи уҳдадориҳои хидматӣ ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо дар иҷрои хизмати ҳарбӣ толеъ ва муваффақиятҳои нав орзу намуданд.

Инчунин, барои саҳми арзанда дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини манфиатҳои давлату ҷомеа, нигоҳ доштани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, инчунин иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии шаҳр, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, якчанд хизматчиёни ҳарбӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак сарфароз гардонида шуданд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба хотири гиромидошти ин санаи муҳими давлатӣ дастурхони идона барои сарбозону афсарон ороста гардид. Ҳамзамон, барномаи фарҳангӣ баргузор шуда, барои болидахотирии сарбозон фазои идона фароҳам оварда шуд.

Ёдовар мешавем, ки чун анъана, дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои муҳими давлатӣ аёдати қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Норак ба роҳ монда мешавад.