БАРОИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА ФАРЗАНДОНРО ОМОДА БОЯД КАРД

Facebook
Telegram
WhatsApp

Тамоми мардуми кишвар шаҳди меваи соҳибдавлатиро баъди ҳазорсолаҳо чашид ва эҳсос намуд, ки тамоми хушбахтӣ ва некии рӯзгор танҳо аз сулҳу субот, ободӣ ва сарсабзии диёри азизамон вобастагии амиқ дорад. Асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии ҳамаи одамон ин оромӣ ва амнияти саросарии он аст.

Мояи фазл ва сарвати бебаҳои дигар барои инсон ин дониш аст, ки ӯро комил мегардонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ба ҳар гуна кору амалҳои беҳуда ва ё зараровар машғул шудани ҷавонон пеш аз ҳама ба он оварда мерасонад, ки ба ҷомеа мушкилот ва ба оила зарари маънавӣ мерасад. Пеш аз ҳама шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ мебошад. Иллатҳои сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни чавонони кишвар дар солҳои охир, ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ дар фазои кишвар мебошад.

Боиси қайд аст, ки нақши маънавиёт, ташвиқоту тарғибот, таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва дар ҳамин замина дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирии ҷавонон ба ҳаракатҳои мамнуъ саҳми оила, яъне падару модар ниҳоят бузург аст. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони мо аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифоя огоҳ набуда, ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мегардад. Дар чунин вазъият тамоми масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо бояд ба истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худ, пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ равона гардад. Зеро таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки маҳз набудани чунин арзишҳои воқеан муҳим дар инсоният ба ҳамин мушкилотҳо оварда мерасонад.

Барои бартараф кардани хатари ифротгароӣ, пеш аз ҳама ташхису бартараф кардани як қатор омилҳо зарур мебошад, чунки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарою терористӣ имрӯзҳо ҳадафи ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини маънавию чисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф набуда, баҳри пешгирии он аз ҳама имкониятҳо истифода намуда истодааст.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарави террористӣ ҳамҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳамсабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванди ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро чавонон ояндаи миллатанд.

Муҳимтарин вазифа дар саргаҳи давлатдории навини мо ин тарҳрези намудани механизмҳои баромадан аз ин мушкилот мебошад. Пажуҳишгарони гузаштаву муосир тоҷиконро ҳанӯз аз замонҳои дури таърихӣ бо ваҳдатсолорӣ ва бунёдкориву созандагӣ ёд мекунанд, ки ин нишонаи далели боэътимоди давлатдории куҳан ва пешрафту тамаддунофарист. Аз ин рӯ месазад, ки баҳри пойдории он ва дар руҳияи ифтихори миллӣ тарбия намудани насли ҷавон бо истифода аз ҳама имкониятҳо ба пеш равем, зеро гаронмоятарин сармоя ин амният, сулҳу субот ва якдигарфаҳмист.

Ташаккул ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ имконият медиҳад, ки дар ҷамъият андешаҳои гуногун, ғояҳо ва мафкураи гуногун ба вуҷуд оянд. Боиси ташвиш аст, ки миёни ин гуногун анандешиҳо бо мақсади ба ҳадафи ғайриқонунии худ расидан гурўҳи муайяни одамоне мавҷуданд, ки бо амалҳои зидди қонунии худ садди ташаккули ҷомеаи имрўза мегарданд.

Ин ҳам бошад ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ маҳсуб меёбад. Ба андешаи ман, ин раванд аз паст будани шуур ва маърифати тарбиявии кишри муайяни ҷомеаи муосир, камбизоатӣ ва бемасъулиятии баъзе аз падарон ва модарон дарак медиҳад. Дар навбати худ, ин мушкилот ба васеъ будани фазои таъсиррасонии беруна (махсус интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ) алоқаманд буда, амалия нишон медиҳад, ки бо вуҷуди тақвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила ҳанӯзҳам дар ҷомеа унсурҳои бегонаи таъсиррасонӣ зиёд ҳастанд. Ин аст, ки натанҳо дар байни ҷавон писарон, балки дар байни ҷавондухтарон низ моилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба чашм расида истодааст. Омилҳои ҷалби онҳо низ гуногун буда, дар байни онҳо паст будани мафкура ва ҷаҳонбинӣ, таҳмили ғояҳои ифротӣ аз ҷониби ин ё он аъзои оила, ки худ ба чунин равияҳо аллакай гаравидааст, ҳаваси кӯр-кӯро на ба фарҳанг ва арзишҳои бегона, ҳолати рӯҳӣ ва эҳсос, ноустуворӣ дар мавқеи худ ва итоаткории ғуломона дар иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ мебошанд, ки боиси роҳгумӣ ва бадбахтиҳои зиёд гашта метавонанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз василаҳои ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротию муноқишаҳои гуногун дар баробари мавҷудияти сомонаҳои интернетӣ–ҳамчунин таъсири оила калон аст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд, ки: «Вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолияти торафт вусъат гирифтаистодаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро ва истифода аз номи поку муқаддаси ислом ба манфиатҳои ғаразноки сиёсӣ ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба номи мубораки ислом ва арзишҳои неку созандаи он иснод наоварем ва ҳар як амали мусулмонии худро дар роҳи шинохти ҳақ ва ба хотири оромиву осоиши мусулмонон истифода барем». Мо андеша дорем, ки ифротгароиву терроризм ин пеш аз ҳама нобуд кунандаи беҳтарин неъмати худододӣ–ҳаёти инсонӣ, вайронӣ, харобӣ ва даҳшатафканию марг аст.

Аз ин хотир, мо андеша дорем, ки барои пешгирӣ намудани ин намуна рафторҳои ғайриқонунӣ чунин чораҳои зарурӣ ба мисоли дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои қудратӣ гузаронидани суҳбат–вохўриҳо бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва бахусус падар ва модари толибилмони тамоми муассисаҳои таълимӣ саривақтӣ аст.

Ҳамзамон хуб мебуд, агар волидайни ҷавонони имрўза истифодаи телефонҳои мобилии фарзандони худро зери назорати қатъӣ нигоҳ доранд.

Андеша дорем, ки дар сатҳи лозима қарор додани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ ва тарбиявӣ имконияти муоширати иҷтимоии онҳоро фарох мегардонад. Ба ин васила метавон устувории мавқеи онҳоро дар ҷомеаи муосир таъмин кард ва баҳри интихоби роҳи дуруст ба онҳо мусоидат намуд. Барои пешрафти он мо ҳамагон бояд талош варзем ва бо мақсади амалӣ гаштани он талош варзем.

Муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба Давлатбек