Баррасии масъалаҳои муҳим дар Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр

Facebook
Telegram
WhatsApp

1-уми январи соли 2026 ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии шаҳри Норак таҳти роҳбарии Раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр — Прокурори шаҳри Норак, мушовири адлия дараҷаи 1 Гулмуҳаммадзода Ҷалолиддин баргузор гардид.

Дар он муовини раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла, аъзои комиссияҳои шаҳрие, ки фаъолияти онҳо ба самти тозагиву ободонӣ ва назорати истифодаи неруи барқ равона гардидааст, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани неруи барқ, риояи талаботи қонунгузорӣ дар ин самт, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ, аз ҷумла истифодаи ғайриқонунии неруи барқ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Масъулин иброз доштанд, ки истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд вазифадор аст талаботи қонунгузориро риоя намуда, аз қонуншиканиҳо дар самти истифодаи неруи барқ худдорӣ намояд.

Дар анҷоми ҷаласа бо мақсади таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пурзӯр намудани назорат дар самти истифодаи самараноки неруи барқ, пешгирӣ ва бартараф намудани қонуншиканиҳои ҷойдошта қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.