БАРРАСИИ ТАВСИЯНОМАИ ВКД ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Facebook
Telegram
WhatsApp

29-уми майи соли 2026 дар Гимназияи давлатии №1- и шаҳри Норак бо иштироки сардори ШВКД дар шаҳр, полковники милитсия Талбакзода Анвар, муовини раиси шаҳри Норак Фарогатзода Насиба ва мудири шуъбаи маорифи шаҳр Баротзода Субҳоналӣ баррасии тавсияномаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Нахуст, сардори ШВКД дар шаҳри Норак, полковники милитсия Талбакзода А. суханронӣ намуда, муҳтавои тавсияномаи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлонро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод.

Зикр гардид, ки ҳамкории пайвастаи падару модарон, омӯзгорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таълиму тарбияи наврасону ҷавонон муҳим арзёбӣ мегардад.

Сипас, муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Н. оид ба масъалаҳои муҳими тарбиявӣ, аз ҷумла риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни наврасону ҷавонон, пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар фасли гармо ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ибрози назар намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба падару модарон ва хонандагон тавсия дода шуд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон саҳми фаъол гузоранд.