БАРРАСИИ 6 МАСЪАЛА ДАР МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Facebook
Telegram
WhatsApp

15-уми январи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар соли 2025 баргузор гардид.

Дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Асозода Савлатмоҳ, раисони кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ ва собиқадорони ҳизб иштирок карданд.

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак масъалаҳои гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, гузориши роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба фаъолият дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ барои соли 2026, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак барои нимсолаи якуми соли 2026, тасдиқи нақшаи чорабиниҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025, тасдиқи нақша – чорабиниҳо доир ба роҳандозии корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳр барои соли ҷорӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026 – соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабул ба сафи ҳизб баррасӣ шуданд.

Вобаста ба масъалаи якум, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Асозода Савлатмоҳ доир ба натиҷаҳои фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак дар соли 2025 гузориш дод.

Зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ва сохторҳои ҳизб дар шаҳр дар пешрафти ҳаёти сиёсии ҷомеа саҳми сазовор гузошта, баҳри мустаҳкам намудани эътибори шоистаи ҲХДТ ҳамарӯза талош варзиданд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома оид ба фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар соли 2025 роҳбари гуруҳи вакилӣ Файзалова Гулрухсор баромад кард.

Дар музокира оид ба масъалаи якум раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим атрофи ҷоннок намудани фаъолият, вусъатбахшии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни ҷавонону наврасон, бедор кардани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ дар замири онҳо, нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ҲХДТ дар рушди ҷомеа ибрози назар кард.

-Ҳар як аъзои ҳизб бо дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати дурбинона ва созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!” талош варзад – иброз намуд раиси шаҳр.

Дар идома, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед оид ба фаъолияти Кумитаи мазкур дар соли гузашта баромад намуданд.

Иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, рисолат ва масъулияти гарони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, созандагиву ободкориро бар дӯш дорад.

Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ тавонист, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуда, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум иқдомоти наҷибу шоистаеро рӯйи кор оварад.

Ҳамин тариқ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар фарҷом, як қатор фаъолон барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, таҳкими ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак қадршиносӣ гардидаанд.