БА ЗАНОН-КОРМАНДОНИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ ВА ХОҶАГИДОРИИ ШАҲР КУМАКҲОИ ЯКДАФЪАИНАИ ПУЛИЮ МОЛӢ РАСОНИДА ШУД

Facebook
Telegram
WhatsApp

4-уми марти соли равон, дар ҳошияи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба муносибати Рӯзи Модар кормандони хурди техникии Муассисаи давлатии “Манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Норак” бо маводи яквақтаинаи ғизоӣ ва мукофоти ҳавасманд гардонида шуданд.

Зимни супоридани туҳфаҳо раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода бо кормандон суҳбату вохӯрии самимӣ намуда, онҳоро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона шодбош гуфт.

Зикр гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан дар ҷомеа афзалият пайдо карда, барои баланд бардоштани нақши онҳо дар тамоми соҳаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин, Раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода аз заҳмати шабонарӯзии кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ, бахусус занон дар ободонӣ ва тозагии шаҳр ёдовар шуда, иброз дошт, ки роҳбарияти шаҳр ҳамеша хизмати содиқонаи онҳоро қадр менамояд.