БА КОРМАНДОНИ КАТС-И ШАҲРИ НОРАК НУКТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАВЗЕҲ ДОДА ШУД

Facebook
Telegram
WhatsApp

12-уми феврал ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо кормандони Муассисаи давлатии “КАТС”-и шаҳр вохӯрӣ доир гардид, ки дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, сардорони шуъбаҳои КДАМ ва ВКД дар шаҳри Норак Шарифзода Қ. ва Талбакзода А. ширкат намуданд.

Зимни суханронии худ раиси шаҳр таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади муҳими сарнавиштсоз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян намуда, барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод мегузорад. Гуфта шуд, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардид, ки ин иқдом ҳар як сокини мамлакатро водор месозад, то дар ободонии диёр, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Ҳамчунин, раиси шаҳри Норак Мирзозода И. иброз дошт, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат моро ҳидоят менамоянд, то корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшида, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ тарбия намоем.

Дар ин раванд раиси шаҳр таъкид кард, ки бояд мо дар якҷоягӣ ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол гирем.

Дар идомаи сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Норак Шарифзода Қ. таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳони муосир таҳдиду хатарҳои гуногун, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти давлат ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва зиракии сиёсӣ амал намуда, ба ҳар гуна таблиғоту даъватҳои ифротӣ ҷалб набошад ва онҳоро шадидан маҳкум кунад.

Мавсуф, инчунин иброз дошт, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, паҳн намудани иттилооти носаҳеҳ ва маводи дорои хусусияти ифротӣ метавонад боиси ҷавобгарии қонунӣ гардад. Вобаста ба ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар оила ва ҳамкории зиччи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амри зарурӣ мебошад.

Ҳамзамон, ӯ вобаста ба масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сухан ронда, иброз дошт, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб вазифаи дастаҷамъӣ буда, бетарафӣ нисбат ба чунин ҳолатҳо метавонад ба ояндаи ҷавонон ва амнияти миллӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Дар охир номбурда сокинонро ба ҳушёрӣ, риояи қонун ва саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа даъват намуд.

Сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак Талбакзода А. зимни баромад оид ба вазъи ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ибрози назар намуд.Иброз гардид, ки терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддии замони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо масъулияти дастаҷамъиро тақозо менамояд.

Ҳамзамон, мавсуф масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъсири манфии он ба ҷомеа, бахусус насли ҷавонро мавриди таҳлил қарор дод, таъкид кард, ки танҳо тавассути ҳамкории фаъолонаи шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи дурусти ҷавонон метавон пеши роҳи чунин зуҳуроти номатлубро гирифт.

Дар охир масъулин таъкид карданд, ки татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, танҳо бо меҳнати софдилона, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба қонун метавонем барои рушди устувори шаҳри Норак ва шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузорем.