
17-уми феврали соли ҷорӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар майдони марказии шаҳр даври шаҳрии озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.
Озмуни мазкур бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва рӯҳияи масъулиятшиносии ҷавонон мебошад.
Дар чорабинӣ муовини роҳбарияти шаҳри Норак, КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуданд.
Иштирокчиён аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар бахшҳои гуногуни ҳарбӣ-варзишӣ, аз ҷумла сафороӣ, давидан, иҷрои машқҳои ҷисмонӣ ва саволу ҷавоб аз фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ қувваозмоӣ карданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин озмунҳо дар замири наврасону ҷавонон ҳисси баланди ифтихор аз Ватан, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва омодагии дифоъ аз марзу буми кишварро тақвият мебахшанд.
Дар анҷом ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, дастаи беҳтарин барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат гирифт.