Ваҳдати миллӣ – омили рушд ва шукуфоии давлат

Facebook
Telegram
WhatsApp

Ваҳдат, ҳамдилӣ ва муттаҳидӣ барои ҳар як миллату давлат бузургтарин неъмат ва омили асосии пойдории он ба шумор меравад. Барои халқи тоҷик калимаи «Ваҳдат» танҳо як мафҳуми оддӣ нест, балки он рамзи эҳёи миллӣ, наҷоти давлатдорӣ ва оғози даврони нави созандагию ободонӣ мебошад. Пойдевори ин дастоварди таърихӣ 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истирори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон гузошта шуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвари мо давраи сангини имтиҳон буд. Ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ боиси харобиҳои зиёд, қурбониҳои ҷонӣ ва ҳиҷрати ҳазорон ҳамватан гардид. Дар он шароити буҳронӣ, таъмин намудани сулҳ ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо вазифаи ҳаётӣ ва таъхирнопазир ба шумор мерафт.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд заминаи аввалини ҳуқуқию сиёсиро барои қатъи ҷанг фароҳам овард. Бо кӯшишҳои хастанопазир ва иродаи қавии сиёсии Сарвари давлат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раванди музокироти тӯлонӣ оғоз ёфт, ки он бо пирӯзии ақлу хирад ва ҳамдигарфаҳмии умумӣ ба анҷом расид.

Имрӯз ваҳдату истиқлол ду боли як кабӯтари сулҳро чолокона мемонанд, ки Тоҷикистонро ба сӯи қуллаҳои баланд мебаранд. Танҳо дар фазои оромӣ ва тибқи барномаҳои стратегии давлат соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ рушд карданд:

Садҳо муассисаҳои таълимии муосир, кӯдакистонҳо ва марказҳои фарҳангӣ сохта ба истифода дода шуданд. Сатҳи саводнокӣ ва ҷаҳонбинии насли наврас мунтазам боло меравад.Бунёди неругоҳҳои бузурги барқи обию саноатикунонии кишвар маҳз дар сояи суботи сиёсӣ имконпазир гардид. Роҳҳо, нақбҳо ва пулҳои байналмилалӣ шаҳру ноҳияҳои кишварро ба ҳам пайваста, Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварданд.

Ваҳдати миллӣ барои мо як воқеияти аслӣ ва қутбнамои ҳаракат ба сӯи ояндаи дурахшон аст. Муҳофизат ва арҷгузорӣ ба ин неъмат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ва зуҳури хатарҳои нави глобалӣ, ҳифзи суботу ваҳдат аҳмияти боз ҳам бештар пайдо мекунад.

Тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аз вазифаҳои муҳимтарини аҳли маориф ва ҷомеа ба шумор меравад. Ҷавонони мо бояд дарк кунанд, ки тинҷиву амонӣ ва ободии имрӯзаи ватан маҳсули заҳматҳо ва қурбониҳои бузург аст.

Хулоса ин аст, ки Ваҳдати миллӣ кафолати рушди устувор, амнияти давлат ва зиндагии шоистаи ҳар як сокини Тоҷикистон аст. Танҳо бо иттиҳоду ҳамбастагӣ ва меҳнати содиқона мо метавонем кишвари азизамонро боз ҳам ободтар ва дастовардҳои истиқлолиятро пойдортар гардонем.

Нисо ДОРОБЕГЗОДА,

вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак