
Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамчун омили асосии таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа арзёбӣ мегардад. Маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ кишвари мо аз вартаи низоъҳои дохилӣ раҳо ёфта, ба марҳилаи созандагию бунёдкорӣ ворид гардид.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои халқи тоҷик давраи бисёр ҳассос ва сарнавиштсоз ба ҳисоб мерафт. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҳрони амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Солҳои 1992–1997 ҷанги шаҳрвандӣ ба кишвар хисороти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ расонида, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор шаҳрвандон, овора гардидани зиёда аз як миллион нафар аҳолӣ ва хароб гардидани инфрасохтори давлатӣ шуд.
Дар чунин шароити мураккабу тақдирсоз фарзандони содиқ ва ватандӯсти миллат барои барқарор намудани сулҳу оромӣ ва ҳифзи давлатдории миллӣ талошҳои пайваста анҷом доданд. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ беназир ва таърихӣ мебошад. Аз рӯзҳои нахустини интихоб шуданашон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосии фаъолияти худро барқарор намудани сулҳ, оромӣ ва муттаҳид сохтани миллат қарор доданд.
Бо ташаббус ва иродаи қавии сиёсӣ музокироти байни тоҷикон оғоз гардида, давоми солҳои 1994–1997 як қатор вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Исломобод, Бишкек ва дигар марказҳои сиёсӣ баргузор шуданд. Дар ин раванд роҳбарияти давлат, намояндагони мухолифин, шахсиятҳои сиёсӣ ва зиёиёни кишвар саҳми арзанда гузоштанд.
Натиҷаи муҳими ин музокирот ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва гардид. Ин сана ҳамчун рӯзи пирӯзии хиради сиёсӣ, таҳаммулгароӣ ва ваҳдати миллӣ ба таърихи давлатдории тоҷикон ворид шуда, ҳамасола ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад.
Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзиши бузурги маънавӣ ва заминаи асосии рушди давлат мебошад. Маҳз дар фазои сулҳу субот садҳо муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ бунёд гардида, иқтисоди миллӣ рушд ёфт, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуд ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафт.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳифз ва таҳкими дастоварди муқаддаси миллат — ваҳдати миллӣ мебошад. Хусусан ҷавонон бояд арзиши сулҳу суботро амиқ дарк намуда, барои таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Таърих собит намудааст, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат давлат пешрафт мекунад, ҷомеа рушд меёбад ва ормонҳои миллӣ амалӣ мегарданд. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Баҳодур ФАЙЗИБОЕВ,
ёрдамчии прокурори шаҳри Норак, ҳуқуқшиноси дараҷаи 3