
9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст: санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Азҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор рафта, дар сарнавишти халқи мо ҳамчун нодиртарин воқеаи таърихӣ нақши тақдирсоз дорад.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Имрӯз Тоҷикистон сохибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст. Бо шарофати Пешвои маҳбуби миллат, бо талошҳои шабонарӯзии Марди хирад, бо ҷонфидоиҳо, садоқат ба Ватан, дилсӯзӣ ба миллат буд, ки миллати тоҷик соҳибистиқлол гардид. Дар ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ нақши Пешвои маҳубуби миллат бузург мебошад.
Имрӯз соҳибистиқлолии кишвари моро 34 сол пура гардид. Албатта пушида нест, ки таи ин 34соли созандагӣ ва ободонӣ миллати тоҷик таҳти Сарварии Пешвои муаззаму ғамхори миллат, як қатор мушкилҳоро паси сар намуда баҳри рушди давлат ва миллат корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату ягонагӣ миллати тоҷик дар фазои орому осуда умр ба сар бурда истодаанд. Таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеа пешравиҳо дида мешавад. Имрӯз Тоҷикистони азизи моро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як кишвари сулҳовару сулҳпарвар шинохта эътироф менамоянд. Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон имрӯз ҷавонони бо ору номуси кишвар дар озмунҳо, мусобиқаҳои варзишӣ сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда ҷойҳои ифтихориро сазовор гардида парчамбардори миллат ва давлат мебошанд.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо, ҳар гӯшаи он зебою обод гардида руз то руз шумораи сайёҳон дар кишвар зиёд гардида истодааст. Ҳар як сокини кишвари азизамон имрӯз бо шукргузори ва ифтихорманди кору фаъолият намуда намудаистодаанд. Албатта Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди давлату миллати мо тоҷикон буда баҳри пойдории ин муқаддасот, соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату якдилӣ ҳар яки мо масъулиятнокем. Ҳар яки мо бояд бо дилу дидаи гарм, бо эҳсоси баланди ватандорӣ, худшиносӣ ва меҳанпарастӣ саҳми арзандаи худро дар корҳои созандагӣ ва ободонии диёри азизамон гузорем. Ва насли ояндасозро дар руҳияи Ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таълим ва тарбия намоем.
Муҳсидин ҚУРБОНЗОДА, директори МТМУ №8 – и шаҳри Норак