ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МНМО БО КОРМАНДОНИ НЕРУГОҲИ “БОЙҒОЗӢ”

Facebook
Telegram
WhatsApp

26-уми августи соли 2026 вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Неругоҳи “Бойғозӣ” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмадизода Хайриддин – муовини раиси шаҳри Норак иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ободониву созандагӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар мебошад. Дар ин давра бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, барои рушди иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва инфрасохтор шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Қайд гардид, ки корҳои ободониву созандагӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла шаҳри Норак бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии мардум вусъат меёбанд.

Зикр гардид, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд барои ҳар як шаҳрванд ҳамчун омили таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ хизмат намуда, ҳар як сокинро ба саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят намояд.