
29-уми декабри соли 2025, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Гулзода Маҳмадшоҳ – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон, Асозода Савлатмоҳ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва Маҳмадизода Хайриддин – муовини раиси шаҳри Норак вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ Гулзода Маҳмадшоҳ – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қайд кард, ки ироаи Пъаёми имсола барои Тоҷикистон бо рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла баргузории интихобот дар фазои озоду шаффоф ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон фарқ мекунад. Ин дастовардҳо далели сиёсати сулҳомез, ҳамсоягии нек ва устувории давлатдории миллӣ мебошанд. Тоҷикистон дар минтақа ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ ва ҳамкорӣ шинохта шуда, заминаи мустаҳками рушди минбаъдаи худро фароҳам овардааст.
Гуфта шуд, ки дар маркази Паём масъалаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ қарор дорад. Дар даҳ соли охир иқтисоди миллӣ бо суръати устувор рушд карда, сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфта, даромади аҳолӣ ва нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ беҳтар шудаанд.
Дар охир иштирокдорон дархосту пешниҳодҳои худро ҷиҳати мусоидат намудан ба вакил пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.