Вохӯрии гурӯҳи кории Прокуратураи генералӣ бо фаъолони шаҳр

Facebook
Telegram
WhatsApp

6-уми апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохӯрии гурӯҳи кории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Норак баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Норак Маҳмадизода Хайриддин, Қурбонзода Аслиддин-прокурори Маркази иттилоот оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералӣ, Маҳмуродзода Сиёвуш-прокурори Маркази иттилоот оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералӣ, Каримзода Вафо-ёрдамчии прокурори шаҳри Норак иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи нав то соли 2040 буд.

Зимни вохӯрӣ намояндагони Прокуратураи генералӣ доир ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, ки дар Паёми муҳтарам Пешвои миллат ироа гардидаанд, маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Қайд гардид, ки таъмини амнияти миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин, таваҷҷуҳи иштирокдорон ба масъалаи пешгирии ифротгароӣ ва терроризм ҷалб карда шуда, таъкид гардид, ки мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб вазифаи дастаҷамъонаи тамоми ҷомеа мебошад. Дар ин замина, зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ махсус қайд карда шуд.

Дар қисмати дигари вохӯрӣ Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мавриди таҳлил қарор гирифта, роҳҳои амалисозии он дар сатҳи маҳаллӣ баррасӣ гардиданд.

Иштирокдорон доир ба татбиқи самараноки ин стратегия ва нақши мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оила дар ин самт мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокдорон омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ, ҳифзи суботу амният ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб иброз намуданд.