ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИИ МИҲД-И ШАҲРИ НОРАК БО КОРМАНДОНИ КАТС

Facebook
Telegram
WhatsApp

25-уми ноябр, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо кормандони КАТС-и шаҳри Норак вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ масъулин бо кормандон оид ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, мустаҳкам нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва роҳ надодан ба рафторҳои хатаровар миёни аҳолӣ суҳбат карданд.

Инчунин, ба иштирокдорон талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳои гурӯҳи корӣ бо кормандони соҳаҳои гуногун ва сокинони шаҳр идома дорад.