
18-уми марти соли 2026, дар арафаи Иди саиди Фитр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак раиси шаҳр Мирзозода Иброҳим бо имомхатибон вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим иброз дошт, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи хайру эҳсон, сабру таҳаммул ва покизагии ахлоқ буда, ҳар як шаҳрванд бояд аз фазилатҳои ин моҳи муборак ба таври шоиста истифода намояд.
Қайд гардид, ки нақши имомхатибон дар тарбияи маънавии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва пешгирии падидаҳои номатлуб бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар арафаи Иди саиди Фитр бояд корҳои ободониву тозакорӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон вусъат дода шуда, фазои идона бо риояи меъёрҳои ахлоқию фарҳангӣ ташкил карда шавад.
Дар идома сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Норак Шарифзода Қамариддин доир ба таъмини амният, пешгирии ифротгароӣ ва баланд бардоштани ҳушёрии шаҳрвандон ибрози назар кард.
Зикр гардид, ки ҳамкории зич миёни сохторҳои давлатӣ ва ходимони дин дар таъмини оромию суботи ҷомеа аҳамияти калон дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ масъулин аз имомхатибон тақозо намуданд, ки фаъолияти худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва эҳтироми қонун равона намоянд.