Вохӯрии масъулин бо хонандагони МТМУ №27

Facebook
Telegram
WhatsApp

15-уми ноябри соли 2025 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохӯрии гурӯҳи корӣ бо усули “Мактаб ба мактаб” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и маҳаллаи Тутқавул Ҷамоати деҳоти Пӯли Сангини шаҳри Норак мулоқот бо ҷамъи васеи хонандагон ва омӯзгорон доир гардид.

Дар он муовини раиси шаҳр Фароғатзода Насиба, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак Ғафурзода Фирдавс ва дигар шахсони масъул ширкат карданд.

Зимни вохӯрӣ оид ба татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии диёр баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, инчунин, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ва ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ сухан ронда шуд.

Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ пайваста идома доранд.