ВОХӮРИИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК БО ГУРӮҲИ КОРИИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

Facebook
Telegram
WhatsApp

19-уми январ раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон-ноиби президенти Федератсия Алишер Урунов ва директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиевро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Норак ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба рушд ва тақвияти футболи касбӣ ва оммавӣ дар шаҳри Норак, беҳтар намудани инфрасохтори варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид барои тамрин ва баргузории мусобиқаҳо, инчунин чораҳои ҳамаҷонибаи дастгирии дастаи футболи «Норак» аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси шаҳр таъкид намуд, ки рушди соҳаи варзиш, бахусус футбол, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии шаҳр ба шумор рафта, мақомоти маҳаллӣ минбаъд низ ҷиҳати дастгирии варзишгарон ва рушди футбол тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар навбати худ намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ, расонидани кумакҳои методӣ ва мусоидат дар рушди футболи шаҳри Норак изҳор доштанд.