ВОХӮРИИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК БО МУРАББИЁН ВА ФУТБОЛБОЗОНИ КЛУБИ ФУТБОЛИ “НОРАК”

Facebook
Telegram
WhatsApp

16-уми ктябри соли ҷорӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод бо футболбозон ва ҳайати мураббиёни клуби футболи “Норак” вохӯрӣ доир намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ раиси шаҳр иброз дошт, ки рушди соҳаи варзиш, бахусус футбол, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар саросари кишвар инфрасохтори муосири варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳҳо, майдончаҳои футболи сунъӣ ва марказҳои таълимии варзишӣ бунёд гардидаанд, ки имкониятҳои фаровон барои ҷавонон фароҳам овардааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки клуби футболи “Норак” айни ҳол узви Лигаи якуми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва бо натиҷаҳои қаноатбахш баромад мекунад. Раиси шаҳр аз саъйу кӯшиш, меҳнатдӯстӣ ва рӯҳияи баланди варзишии бозигарон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки дастгирии варзишгарон ва рушди футболи маҳаллӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак қарор дорад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод ба ҳайати даста барои ширкат дар бозиҳои дар пешистода барору комёбиҳои нав орзу намуда, иброз дошт, ки ҳукумати шаҳр омодааст барои рушди минбаъдаи футболи норакиён ҳамаи шароити заруриро муҳайё созад.