ВОХӮРИИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК ВОБАСТА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БО АҲЛИ МАОРИФИ ШАҲР

Facebook
Telegram
WhatsApp

25-уми декабри соли ҷорӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маорифи шаҳр вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар вохӯрӣ раиси шаҳр зикр намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро муайян намуда, барои тамоми соҳаҳо, бахусус соҳаи маориф, вазифа ва уҳдадориҳои мушаххасро пешбинӣ мекунад.

Таъкид гардид, ки рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот, истифодаи васеи технологияҳои муосир, таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгорон аз ҷумлаи афзалиятҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумат ба шумор мераванд.

Ҳамчунин, раиси шаҳр ба масъалаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон дар таълиму тарбияи хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Зикр карда шуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи маориф маҳсуб меёбад.

Дар идомаи вохӯрӣ кормандони шуъбаи маориф доир ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла беҳтар намудани шароити таълим, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, рушди қобилиятҳои зеҳнии хонандагон ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон ибрози назар намуданд.