ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲР БО АФСАРОНУ САРБОЗОН

Facebook
Telegram
WhatsApp

6-уми январи соли 2026 дар қисми ҳарбии 051054-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Норак вохӯрии Роҳбарияти шаҳр бо афсарону сарбозон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Асозода Савлатмоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ раиси шаҳри Норак аҳамияти Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои рушди кишвар таъкид намуда, ба самтҳои асосии он — рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, тақвияти амнияти миллӣ ва боло бурдани масъулияти шаҳрвандон ишора карданд.

Таъкид гардид, ки иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои устувории давлатдорӣ ва пешрафти кишвар нақши муҳим дорад. Ба андешаи раиси шаҳр Паём ҳамчун дастури роҳнамои стратегӣ барои тамоми соҳаҳои кишвар хизмат мекунад ва пайомадҳои он дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба таври барҷаста эҳсос мешаванд.

Дар идома раиси шаҳр дастовардҳои кишварро дар бахшҳои муҳими иқтисод, аз ҷумла рушди соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ, рушди фарҳанг ва тарбияи маънавӣ, низоми иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, инчунин корҳои ободониву созандагӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Асозода Савлатмоҳ гуфт, ки сиёсати дурбинона ва роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бунёдиро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, устувории низоми давлатӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар мебозад.

Номбурда зикр кард, ки дастгирӣ ва амалӣ кардани ҳидоятҳои давлатдорона ва стратегӣ дар тамоми сатҳҳои ҷомеа барои таъмини рушди устувор ва эҳёи иқтидори миллӣ аҳамияти барҷаста дорад.

Дар охир ба афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.