Гурӯҳи корӣ ҳолати омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии шаҳрро месанҷад

Facebook
Telegram
WhatsApp

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Норак, 5-уми декабри соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ иборат аз масъулини МИҲД-и шаҳр аз ҳолати омодагии зимистонгузаронӣ ва ҷараёни фаъолияти кории муассисаҳои таҳсилотии шаҳр боздид ба амал овард.

Зимни боздид муовини раиси шаҳр аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо масъулини муассиса ва вазъи омодагии он ба мавсими зимистони солҳои 2025–2026 шинос шуд.

Тибқи иттилои роҳбарияти муассиса, корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ пурра ба роҳ монда шуда, синфхонаҳо ба мавсими сармо омода мебошанд. Муассиса бо гармкунакҳои зарурӣ таъмин буда, шароити мусоиди таълим барои хонандагон муҳайё карда шудааст.

Ҳоло хонандагон дар ҳавои сард бе мамоният дар синфхонаҳои гарм таҳсил карда, раванди таълим ба таври мунтазам ҷараён дорад. Гурӯҳи корӣ, ҳамчунин ба рафти таълим, давомоти хонандагон ва сатҳи донишандӯзии онҳо шинос шуд.Масъулин зикр карданд, ки давомот қаноатбахш буда, омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим пайваста кор мебаранд.

Дар ҷараёни суҳбат бо омӯзгорон ва хонандагон масъалаҳои такмили раванди таълим, ҷалби бештар ба машғулиятҳои иловагӣ ва баланд бардоштани дониши хонандагон баррасӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки и гуна чорабиниҳо бо ҳадафи беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани муҳити бехатару муносиб барои хонандагон дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр идома хоҳанд ёфт.

Ёдовар мешавем, ки боздиди гурӯҳи корӣ аз муассисаҳои дигари таълимӣ идома дорад.