
17-уми майи соли 2026 дар шаҳри Норак ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир шуд, ки дар он роҳбарияти шаҳри Норак мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, намояндагони ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон ва занону духтарон фаъолона иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим қайд намуд, Ватани азизамон – Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Гуфта шуд, ки бо такя ба сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат ва ба хотири таъмини идеяи миллати солим ва ҷалби ҳарчӣ бештари ҷомеа ба варзиш Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила ба таҳкими санадҳои меъёриву ҳуқуқии вобаста ба соҳа шурӯъ кард. Ҳамзамон ба хотири оммавияти варзиш имконият фароҳам оварда шуд, ки рушди намудҳои гуногуни варзиш таъмин гардад. Ҳамин буд, ки ба хотири ҳамдилии миллати тоҷик дар соли 1993 аз тарафи ҳаракати олимпӣ Дави олимпӣ баргузор шуд ва он давоми солҳои дигар идома ёфт.
Маросими ифтитоҳи Дави миллӣ аз даромадгоҳи НБО-и Норак оғоз гардида, иштирокчиён тавассути кӯчаи марказӣ то майдони марказӣ ҳаракат намуданд.
Дар Дави миллӣ зиёда аз 6500 ҳазор нафар ва дар марафони велосипедронӣ 180 нафар иштирок карданд.
Дар охир ба ғолибони чорабинӣ бо дипломи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28-уми марти соли 2007 якшанбеи сеюми моҳи май, дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мешавад.