
11-уми феврал дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва бахши кор бо занон ва оилаи мақомот даври шаҳрии озмуни “Кадбону беҳтарин” баргузор гардид.
Дар он роҳбарияти шаҳри Норак, КИ ҲХДТ дар шаҳр, масъулини бахши кор бо занон ва оила, САҲШ, мудирони бахшҳо ва намояндагони муассисаю ташкилотҳои шаҳр иштирок карданд.
Мақсад аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худошноӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.
Дар даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла, дар пӯхту пази якчанд навъ таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони шаҳр аз рӯйи номинатсияҳои: ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёҳои болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуоногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.
Дар охир ғолибон бо диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон, дигар иштирокчиён, ки дар даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» фаъолона ширкат доштанд, бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.