ДАР ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИИ № 1-И ШАҲР ҲАМОИШ ДОИР ГАРДИД

Facebook
Telegram
WhatsApp

13-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар Гимназияи давлатии № 1-и шаҳр ҳамоиши идона доир гашт, ки дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Норак оғоз шуд.

Дар ҳамоиш масъулин атрофи нақши иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, аҳамияти он дар шароити имрӯз, гиромидошти Рӯзи Президент, нақши ин рӯзи муборак дар пойдории давлати миллӣ, корномаҳои ҷовидонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯз, инчунин дар Қасри фарҳанги шаҳр низ чунин ҳамоиши бошукӯҳ доир гардида буд.