ДАР ДЕҲАИ НАВДЕҲ МУАССИСАИ НАВИ ТОМАКТАБӢ СОХТА МЕШАВАД

Facebook
Telegram
WhatsApp

5-уми май дар ҳошияи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иҷрои супоришҳои Пешвои миллат зимни сафари кориашон ба шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳр Мирзозода Иброҳим дар деҳаи Навдеҳи ҷамоати деҳоти Дӯконӣ ба сохтмони муассисаи таълимии томактабӣ санги асос гузошта шуд.

Тибқи иттилоъ, муассисаи мазкур барои 100 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, бо фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ба рушди зеҳниву маънавии кӯдакон мусоидат хоҳад кард. Бино бо назардошти талаботи замони муосир сохта шуда, дорои утоқҳои барҳаво, синфхонаҳои таълимӣ, толори бозӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад буд.

Зимни суҳбат бо масъулин раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим таъкид намуд, ки бунёди чунин муассисаҳо дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ равона гардидааст.

Қайд гардид, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф, бахусус зинаи таҳсилоти томактабӣ, заминаи мусоид фароҳам овардааст, то дар тамоми гӯшаҳои кишвар чунин иншооти муҳим бунёд ва мавриди истифода қарор гиранд.

Дар охир раиси шаҳри Норак ба сохтмончиён ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлат ва стандартҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки бояд иншоот дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ба истифода дода шавад.