Дар деҳаи Чашмаи ҶДД муассисаи томактабӣ бунёд мегардад

Facebook
Telegram
WhatsApp

19-уми декабри соли 2025 роҳбарияти шаҳри Норак аз раванди корҳои сохтмонии бинои муассисаи таълимии томактабӣ дар деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак боздид намуд.

Бояд гуфт, ки муассисаи томактабии мазкур бо шароити муосири таълим ба нақша гирифта шуда, аз 1 ошёна иборат аст ва барои 50 нафар кӯдак ба нақша гирифта шудааст.

Зимни боздид масъулин ба сохтмончиён оид ба саривақт ва бо сифати баланд ба итмом расонидани иншооти мазкур ба дастурҳо доданд.

Тазаккур бояд дод, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир бунёду сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав вусъат ёфта, заминаҳои мазкур ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим дар кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Норак мусоидат намудааст.