
23-юми июни соли 2026 роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳри Норак ба раванди сохтмони бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Норак шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки бинои нави таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дорои 15 синфхонаи иловагӣ мебошад. Пас аз ба истифода додани иншоот имконият фароҳам мегардад, ки то 750 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шавад.
Зимни боздид масъулин ба сохтмончиён ҷиҳати таъмини сифати корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлатҳои муайяншуда ва ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Тазаккур бояд дод, ки рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ мавқеи меҳварӣ дошта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумат қарор дорад. Дар радифи қонунҳои соҳавӣ, барномаву консепсияҳои миллии ҳукуматӣ ва давлатии муайянкунандаи фаъолият ва дурнамои соҳаи маориф паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва стратегӣ дар рушди соҳаи илму маориф аҳамияти хоса дорад.