
5-уми октябри соли 2026 дар филиали «Неругоҳи Норак»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод, директори филиали «Неругоҳи Норак»-и ҶСК «Барқи Тоҷик» Шоиддинов Фазлиддин ва кормандони неругоҳ иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки забони давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукни муҳими давлатдории тоҷикон ба ҳисоб рафта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ нақши муҳим дорад.
Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки эҳтиром ба забони давлатӣ ва истифодаи дурусти он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду густариши забони давлатӣ, баланд бардоштани мақоми он ва таҳкими фарҳанги миллӣ тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд.
Дар идомаи чорабинӣ намояндагони филиали «Нерӯгоҳи Норак»-и ҶСК «Барқи Тоҷик» низ суханронӣ намуда, нақши забони давлатиро дар ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ карданд.