
12-уми августи соли 2026, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ба корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Кӯли-лахчаи ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак оғоз бахшид.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, муассисаи мазкур аз 2 ошёна иборат буда, барои 420 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи мазкур бо сифати ба меъёр ҷавобгӯ сохта шуда, аз синфхонаҳо, утоқҳои фаннӣ, толори варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад.
Зимни шиносоӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода бунёди чунин муассисаҳои таълимиро амалишавии дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак маънидод кард.
Дар охир ба масъулин барои бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохтани муассиса ва дар муҳлати пешбинишуда ифтитоҳ намудани он дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.