
7-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо намояндагони касбу кори гуногун ва фаъолони шаҳр вохӯрӣ доир гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло ва муовини раиси Суди Олии кишвар Шавкат Лутфулозода ширкат намуданд.
Ҷамъомадро раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ифтитоҳ карда, ҳадафи вохӯрии мазкурро иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояти Хатлон, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва таҳкими фазои солими иҷтимоӣ дар ҷомеа арзёбӣ намуд.
Зимни суханронии худ муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло атрофи масъалаҳои таълиму тарбияи дурусти насли наврас, таҳкими арзишҳои миллӣ, риояи расму оини миллӣ, ҷалби духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва муқовимат бо падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ибрози назар кард.
Дар идома муовини раиси вилояти Хатлон аз сатҳу сифати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Норак изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки истифодаи усулҳои таъсирбахши «Хона ба хона», «Кӯча ба кӯча», «Мактаб ба мактаб» ва «Маҳалла ба маҳалла» дар болоравии сатҳи маърифати аҳолӣ ва пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ нақши муассир дорад.
Аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки чунин усулҳо бояд минбаъд низ бо ҷалби фаъолон, омӯзгорон, имомхатибон ва сохторҳои дахлдор тақвият ёбанд.
Ҳамзамон, муовини раиси Суди Олии кишвар Шавкат Лутфулозода нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварро шарҳу тавзеҳ дода, аз масъулин иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақозо намуд.
Дар охир раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода изҳори итминон кард, ки сокинонисарбаланди шаҳри Норак дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми худро мегузоранд.