ДАР ШАҲРИ НОРАК ФЕСТИВАЛИ АНOР БАРГУЗОР ГАРДИД

Facebook
Telegram
WhatsApp

Имрӯз дар анорбоғи шаҳри Норак бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода ва меҳмонони хориҷӣ Фестивали анор баргузор гардид.

Фестивали мазкур ба муаррифии имкониятҳои кишоварзии минтақа, тарғиби анъанаҳои боғдорӣ ва муаррифии анори норакӣ ҳамчун яке аз маҳсулоти кишоварзии вилоят равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки соли сеюм аст, ки дар ҳошияи баргузории Форуми байналмилалии «Хатлонинвест» Фестивали анор низ ташкил карда мешавад. Ин иқдом барои муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, рушди соҳаи боғдорӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ замина фароҳам меорад.