
14-уми марти соли 2026, дар шаҳри Норак бо ибтикори МИҲД-шаҳр дар мавзеи “Сари Бора”-и шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳр Мирзозода Иброҳим ширкат намуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, имомхатибон ва сокинони шарафманди шаҳр иштирок намуда, дар корҳои ободониву сабзазоркунӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Дар ҷараёни маърака зиёда аз 3000 ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз шинонида шуд, ки иқдоми мазкур ба зебо гардонидани муҳити шаҳр, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва густариши майдонҳои сабз мусоидат менамояд.
Қайд гардид, ки чунин ташаббусҳо дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба ободонии Ватан, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ равона шудаанд.
Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим зимни иштирок дар маърака ба масъулини соҳа ҷиҳати нигоҳубини дуруст, обёрии саривақтӣ ва ҳифзи ниҳолҳои шинонидашуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки чунин маъракаҳои ободониву сабзазоркунӣ дар шаҳри Норак минбаъд низ идома ёфта, сокинони шаҳр дар ободиву пешрафти диёри худ саҳми фаъол мегузоранд.
