ДАР ШАҲРИ НОРАК 6024 НАФАР АЪЗОИ ҲХДТ ДАР 87 ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ МУТТАҲИД ШУДААНД

Facebook
Telegram
WhatsApp

9-уми декабри соли 2025 дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Асозода Савлатмоҳ Сайфулло ширкат намуданд.

Нахуст, Асозода Савлатмоҳ-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак меҳмонро хайрамақдам намуда, кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро бо фарорасии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шодбош гуфт.  

Аз ҷумла қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз яке аз ҳизбҳои бонуфузтарин дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, нимаи аввали соли 1993 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идеяи ташкил намудани онро ба миён гузоштанд. 10-уми декабри соли 1994 Анҷумани муассисон дар бораи ташкилёбии ҳизб қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард. Имрӯз бо гузашти беш аз 30 сол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчинун иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбуди ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолияти пурсамар намуда истодааст.

Таъкид гардид, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, барои тақвият бахшидан ва самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ, татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғибу ташвиқи ҳадафҳои олии ҳизб, ҷалби бештари сокинон ба сафи ҳизб, вусъати корҳои ободонӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, маърифатнокӣ ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани 35-уми солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро роҳандозӣ намуда истодаанд.

– Маҳз, самараи муборизаву меҳанпарастӣ, саъйу талошҳои пайвастаи ватандӯстона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи ин ҳизби воқеан мардумӣ дар роҳи расидан ба сулҳу оромӣ ва бунёди Тоҷикистони муқаддас буд, ки шумораи аъзоёни он имрӯз дар шаҳри Норак зиёда аз 6024 ҳазор нафарро аз 87 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид кардааст,-гуфт номбурда.

Дар идома, раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кулли бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҷиҳати расидан ба ҳадафи олӣ – зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистон саъйу талош дорад.

Зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад. Фаъолияти ҳизб барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Гуфта шуд, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Ҳадафи ягонаи мо аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани нерӯҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатдорӣ ва бо ин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд”.

– Воқеан, таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳадафи олии он аз моҳияти иҷтимоидоштаи давлату миллат сарчама мегирад, барои бароварда кардани ниёзҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, мутаҳидии нерӯҳои пешбарандаву босалоҳияти ваҳдатсоз саҳми арзишманд гузошта, ҷиҳати барқарории сулҳ дар Тоҷикистони муқаддас такони ҷиддӣ бахшид,-иброз дошт раиси шаҳр.

Наврӯз Ҳусейнзода-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсис ёфтан ҳамчун ҳизби халқӣ баҳри осудагӣ ва некуаҳволии миллат талош варзида, дар ин росто заминаи боэътимод гузошт. Ба ҳайси раис интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон роҳ ва равиши ҳизбро тағйир дод. Амалӣ намудани ормонҳои миллӣ, таъмини сулҳу салоҳ дар давлат ва баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ яке аз вазифаҳои аввалини ҳизб ба шумор меравад. Заминаҳои нахусти давлатдории миллӣ дар таҳкими қудратнокии давлат, эҳёи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ва бо ин васила бедор намудан шуурнокии миллӣ дар масири худшиносии миллӣ эҳё ва амалӣ гардид. Дар ин раванд яке аз муҳимоти миллӣ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки барои рушди давлатдории миллӣ заминаи боэътимод гузошт. Маҳз ҳамин истиқлоли миллӣ буд, ки кишвари моро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун дар арсаи олам шинохтанд ва эътироф намуданд.  

Бояд қайд кард, ки маҳз бо ҳидоят, иродаи қавӣ ва ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат, ҲХДТ тавонист ҷамъияти парокандаро муттаҳид намояд, пояҳои сулҳ ва истиқлолияти миллиро таҳким бахшад ва роҳи рушди босуботи давлатро асос гузорад. Фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иҷтимоию иқтисодии кишвар назаррас буда, рӯз аз рӯз эътимоду боварии мардум ба ин ҳизби созандаю бунёдкор бештар мегардад.

Дар охир барномаи фарҳангии ҷолиб, иборат аз шеъру таронаҳои марғуб хотири ҳозиринро шод намуд.