ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ҚАДИМТАРИН, ГУВОРОТАРИН ВА ЗЕБОТАРИН ЗАБОН АСТ

Facebook
Telegram
WhatsApp

Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

Забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст. Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд.

Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон будааст. Имрӯз масъалаи забон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Зеро давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат ва гузашта аз ин, яке аз муқаддасоти асосии он мебошад.

Таърихи инсоният борҳо собит намудааст, ки дар ҳама давру замонҳо эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ аз ҷониби шахсиятҳои алоҳидаи сиёсиву фарҳангӣ пайомадҳои нек ба бор оварда, ба тавассути ин амал кору пайкор ва номи эшон дар саҳфаҳои таърих бо хатти тилло сабт мегардад. Таърихи давлатдории тоҷикон абармардони зиёдеро ба хотир дорад, ки ҳатто дар лаҳзаҳои ҳассос ва барои миллат хеле мушкил тавонистанд бо ақлу заковати фитрӣ на танҳо миллату давлатро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшанд, балки пояҳои мавҷудияти онро ба василаи таваҷҷуҳ нисбат ба арзишҳои миллӣ мустаҳкам намоянд. Дар ин миён нақш ва ҷойгоҳи фарзанди фарзонаи миллат ва сиёсатмадори варзида – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, хосатан, бояд қайд намоем. Ба андешаи инҷониб, имрӯз касе хизматҳои бесобиқа ва таърихии Сарвари тоҷикони ҷаҳонро дар самти бартарӣ додан ба рукнҳои муҳимми ҳастии давлату миллат ва пайваста андешидани чораҳои беҳдоштӣ дар ин ҷабҳаҳо инкор намекунад, зеро ба қавле: “Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.

Мусаллам аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои давлатдории тоҷикон имкониятҳои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам овард. Бо ин роҳ мо тавонистем як қатор масъалаҳои аз мадди назар дур мондаро дубора таҷдиди назар намуда, бар замми ин асолати таърихии онҳоро дар назди давлату миллат барқарор созем. Яке аз чунин рукнҳои маънавию фарҳангӣ забон буд, ки дар ҳамон шабу рӯз беш аз ҳарвақта ба ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзун ниёз дошт. Забоне, ки дар муддати зиёда аз ҳазор соли таърих фишору таъқибҳои зиёдеро пушти сар намуда, бо фарҳангу маданияти халқиятҳои бегона дар сангарҳои муқобил мардонавор истодагарӣ намудааст. Забоне, ки доираи истеъмоли он дар паҳнои таърих гоҳо маҳдуд гардидаву зери теғи хуношоми душманони миллат хатари аз миён рафтанро ба сар дошт. Лек бо вуҷуди ин ҳама тазйиқу нотавонбиниҳо забони тоҷикӣ тавонист аз имтиҳони таърих гузашта, ба сифати як забони тавонманд ва баҳамоварандаи миллат то ба замони мо омада расад. Албатта, ин ҳама пояндагиву боландагӣ ва ҷовидонагии забон тавассути ҷонсупориҳои фарзандони шарафманди миллат рӯи кор омадаанд, ки, барҳақ, боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҳар як фарди худогоҳу худшинос аст.

Ҳамин тавр, забони тоҷикӣ имрӯз ба ҳайси як забони комил, меъёрӣ ва дорои махсусиятҳои худ забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Болотар аз ин, он забонест, ки дар миқёси ҷаҳонӣ аз миллату давлат, фарҳангу маънавиёт ва таъриху тамаддуни халқи тоҷик намояндагӣ мекунад. Ба касе пӯшида нест, ки дар замони истиқлол забони тоҷикӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид. Пеш аз ҳама, дар ин давра забон ба сифати як унсури муҳимми миллатсоз ҳусни хешро дарёфта, зери пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат ва давлату ҳукумат қарор гирифт. Дар партави чунин ғамхориҳо мо тавонистем ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами вобаста ба забон оғоз намоем ва дар як муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои шоён ноил гардем.

Хушбахтона, дар пайи чораандешиҳои саривақтӣ ҷиҳати боз ҳам боло бурдани мақому нуфузи забон мушкилиҳои зикргардида бартараф гардиданд ва имрӯз забони тоҷикӣ дар минтақаи муайяни ҷуғрофӣ истеъмол дорад. Пас, моро зарур меояд, ки истиқлолияти забониро ҳифз намуда, барои беҳбудии вазъи забон дар ҷомеа муваззаф бошем, зеро ба қавли Сарвари давлат: “Соҳиб ва пуштибони аслии забони тоҷикӣ танҳо миллати тоҷик аст”. Машҳад Раҳимов, мудири бахши таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак