ЗАНОН ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ОНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Facebook
Telegram
WhatsApp

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, бори дигар нишон дод, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба мақоми зан, нақши ӯ дар рушди ҷомеа, тарбияи насли наврас ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хоса ва боэътимод дорад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки занон дар таҳкими оила, тарбияи насли солим ва рушди ҷомеа нақши калидӣ доранд. Давлат сиёсати худро дар самти таъмини баробарҳуқуқии занону мардон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии занон пайваста тақвият медиҳад.

Пешвои муззами миллат дар Паёми имсолаи худ иброз намуданд, ки “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.

Ин сухани падаронаи Пешвои миллати тоҷикро, ки дар он муроҷиат ба занон бо эҳтироми хоса ва даъват ба фаъолияти боз ҳам пурсамар садо дод: “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Пешвои миллат ба он таваҷҷуҳ карданд, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳсили духтарон мебошад.

Таъкид шуд, ки тарбияи духтари босавод – тарбияи модари оянда, яъне тарбияи насли солим ва ояндасози давлат аст. Аз ин рӯ, давлат барои таҳсили духтарон дар дохил ва хориҷи кишвар шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, Пешвои миллат масъалаи ҳифзи ҳуқуқи занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва таҳкими институти оиларо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ арзёбӣ намуданд.

Паёми Пешвои миллат бори дигар собит месозад, ки занон қувваи муҳими пешбарандаи ҷомеа буда, имрӯз онҳо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат талош доранд, ки ҳамчун нигоҳдорандаи фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, амният, пойбарҷоии оила, масъул дар таълиму тарбияи фарзанд бошанд ва бо садоқату самимияти беандоза баҳри ояндаи ватани маҳбуб саҳм гузоранд.

Нисо ДОРОБЕКЗОДА – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак