ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАВОНОН

Facebook
Telegram
WhatsApp

Маҳз бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз ҷавонони кишвар дар муҳити сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ба камол расида, дар рушду нумуди ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми ҳаррўзаи худро мегузоранд.

Зодагони даврони соҳибистиқлолии Ватан хушбахтарин инсонҳо ба шумор мераванд. Воқеан, баъди ҳазорсоли таърихи пурпечутобу пурфоҷиаи миллати тоҷик дар қатори мардуми соҳибиқболу накубахти мамлакат, ҷавонон низ аз ин неъбати бебаҳо бархурдоранд.

Ин табақаи фаъол ҳамқадами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои софу беолоиш, тинҷу ором рушд ёфта, ба камол расидаанд. Барои ҷавонон ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Онҳо метавонанд, ки дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он дар хориҷи кишвар бо майлу хоҳиши худ соҳиби касб ва ихтисосҳои дилхоҳи худ гарданда, забони пешқадатарин давлатҳоро омӯзанд.

Заҳмату талошҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки миллати тоҷик ба ин рӯзҳои нек, ки орзӯи ҳамешгии халқи тоҷик буд расиданд ва ҷавонони даврони худ – яъне соҳибистиқлолии кишварро дар руҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, шинохти асолати миллӣ, ҳимоя ва риояи фарҳанги пурғановати миллат, садоқатмандӣ ба Ватан ва хоки аҷдодӣ ба камол расиданд.

Сарвари давлат ба ҷавонон муроҷиат намуда, чунин таъкид кардаанд, ки :”Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.” Ҳар як ҷавони тоҷик ҷавобан ба ин ғамхориву сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат саъю талоши худро ба донишомӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, рушди илму техника ва бунёдкорӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан равона созад, таърихи ба истиқлолият расидани Ватани худ ва ба сулҳу Ваҳдат омадани миллатро бо тамоми бурду бохтҳояш биомӯзанд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҷавонони тоҷик аз мактаби ҷавонмардонагию хештаншиносии Пешвои миллат сабақи ҷавонмардӣ омӯхта, имрӯз сазовори боварию эҳтироми хоса гашта, дар ободонию пешрафти кишвари ҷавони худ саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

Онҳо дар ҳама соҳаҳои мухталифи кишвар саноаткунонӣ, варзиш, соҳибкорӣ, пешрафти илму техника Тоҷикистонро дар дунё муаррифӣ намуда, байрақи ҷумҳуриро баланд бардоштаанд. Ҷавонон симои бузург ва муаррифгари фарҳанг ва таърихи аҷдодӣ мебошанд, онҳо бо донишу заковати хеш соҳиби асили Ватан гавштаанд. Аммо душманони миллат аз ҳирси нотавонбинӣ аз дили софи ҷавонон, ки аз ҳасуду бадбинӣ холист истифода карда, онҳоро ба роҳи бад ва ҳатто қабеҳтарин гуноҳ-хиёнат ба Ватан тела медиҳанд, ки ин хело набахшиданист. Вале дар ҳама ҳолат ҷавонмард бояд фаромӯш накунад, ки номуси ҷавонмардии инсон дар маҳбубияти Ватан-Модар падидор мегардад.

Ҷавонмардони тоҷик чун аҷдоди ватандӯсти худ, такягоҳи асосии Ватан-модар, ҳимоятгари марзу бум, номус волидайну сарбландии ин сарзамини азияткашида худ ҳастанд. Онҳо барои ояндаи дурахшони ин сарзамин ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияту ҳукумати кишвар саҳми арзандаи худро мугузоранд.

Мухтор РАҶАБОВ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак