
Мо-занон бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҳамқадами замони муосир гардида, хушҳол аз онем, ки дар чунин Ватани ободу озод умр ба сар мебарем.
Истиқлолият танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки бузургтарин сабақи таърихӣ ва мероси муқаддас аст, ки роҳи зиндагиву ояндаи мо бо он пайванд гаштааст.
Соли 1991 мардуми тоҷик пас аз ҳазорон сол ормони деринтизор – соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёриро ба даст овард. Аммо марҳилаи нахустини истиқлол барои мо бо санҷишҳои сангини таърихӣ оғоз ёфт. Ҷанги шаҳрвандӣ, фурӯпошии иқтисодӣ ва хатари нест шудани давлат ба ҳар як хонадон сояи ғам афканд. Дар он рӯзҳои пурташвиш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ, азми устувор ва хирадмандии сиёсӣ миллати парешонро муттаҳид намуда, роҳи сулҳу ваҳдатро пеш гирифт.
Баъди 34 сол, мо бо ифтихор мегӯем, ки истиқлолият ба Тоҷикистон натанҳо озодӣ, балки сулҳ, ваҳдат ва имкониятҳои созандагиро ҳадя кард.
Тақвияти давлатдорӣ, қонунгузории миллӣ ва сохторҳои давлатӣ ба пояи устувор табдил ёфтанд. Имрӯз Тоҷикистон дорои артиш, идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низоми идоракунии самаранок мебошад.
Мо ифтихор дорем, ки бузургонеро, чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо чеҳраҳои фарҳангии миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эҳё карда, ҷаҳонро бо фарҳанги ғании худ ошно сохтем.
Тоҷикистон дар арсаи олам ҳамчун давлати сулҳпарвар шинохта шуда, бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ дар масъалаҳои об, экология ва амният эътибори хос ба даст овард.
Истиқлолият танҳо бо дастовардҳои давлатӣ маҳдуд намешавад. Он масъулияти ҳар як шаҳрванди кишварро низ тақозо мекунад. Шароити имруза аз мо занон тақозо менамояд, ки бо донишомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба Ватан саҳмгузори таҳкими давлатдории миллӣ бошем.
Вақте ки кӯдакон дар мактабҳои муосир таҳсил мекунанд, ҷавонон дар донишгоҳҳо бо ормонҳои бузург қадам мегузоранд, духтарон бо озодӣ ва эҳтироми шахсият фаъолият мекунанд – ҳамаи ин аз баракати истиқлол аст. Мо бояд ин неъмати азизро ҳифз намоем, то ки наслҳои оянда низ бо шараф аз ин сарзамини обод баҳра гиранд.
Ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки истиқлол танҳо рамзи давлатдорӣ нест, балки ҳастии миллат ва сарнавишти мост. Он моро ба ваҳдат даъват мекунад, ба масъулият водор месозад ва ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ менамояд.
Бо ифтихор мегӯям: Истиқлолият – ин ҳастии миллат, сарнавишти Ватан ва ояндаи дурахшони фарзандони Тоҷикистон аст!
Ҳабиба ШУЛАШОВА, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак