ИСТИҚЛОЛ ВА ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИРИ ОН

Facebook
Telegram
WhatsApp

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.

Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.

Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад.

Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин самт вазифаи асосӣ на танҳо сохтмон, балки ба талаботи замона ҷавобгӯ будан ва муҳайё намудани шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити техникӣ мебошад. Ҳамаи ин ба самти тарбияи дурусти насли наврас,баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани наслҳои наврасу ҷавон ҷомеа равона шудаанд.

Аз ин рӯ, бояд шукргузор аз он бошем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст ва он шабеҳи биҳишт аст. Инчунин моро зарур аст, ки пайрави Пешвои худ бошем, сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои худро дастгирӣ намоем ва зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя ҳар як ҳаракати номатлубро пешгирӣ карда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.

Мо ифтихор аз он дорем, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар модару фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида мешавад. Пешвои муаззами миллат ҳаққонӣ моро ҳушдор дода таъкид месозанд: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст».

Воқеан, истиқлолият воситаи асосии рушду нумӯи давлат ва муайянкунандаи сиёсати дохилию хориҷии ҳар кишвар аст. Истиқлолият нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Дар баробари ин истиқлолият таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ” гардид.

Ҳоло мо дар арафаи ҷашни муқаддаси истиқлолият қарор дорем. Мо хурду бузург бояд ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, Ватани азизамонро то дурдастарин гӯшаҳои он ободу пешрафта гардонем. Бигузор ҷашни муқаддас барои ҳар як фарди соҳибдил саломатӣ, бахту саодат ва фатҳу зафарҳо оварад.

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад. Д. Саидова-сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак