
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 эълон гардид, дар таърихи нави халқи куҳанбунёди мо саҳифаи зарринеро боз намуд. Ин рӯзи муборак орзуи деринаи асрҳои мардуми тоҷикро ҷомаи амал пӯшонида, ба мо ҳуқуқи мустақилонамуайян кардани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро дод.
Аз ин ҷост, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмати миллати арзёбӣ мешавад. Имсол мо устувор ва сарбаланд 35-солагии ин рӯйдоди таърихиро ҷашн мегирем. Вақте мо дар бораи индастовардҳо ҳарф мезанем, номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввал меистад. Ӯ меъмори ин давлатдорӣ ва сулҳи тоҷикон аст.
Зеро маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварсулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барқарор гардид.
Пешвои муаззами миллат бо иродаи қавӣ ва заҳматҳои шабонарӯзӣтавонистанд, ки низоми ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судиро аз нав эҳё ва устувор гардонанд. Дар оғози истиқлол кишвари мо ба ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Пешвои миллат дар ҳамон давраизаминларзаи сиёсӣ масъулияти ватандориро ба зимма гирифта, кишварро аз нестшавӣ наҷот дод, беш аз як миллион гурезаро ба Ватан баргардонд, соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳро имзо кард ва модели сулҳи тоҷиконро ҷаҳонӣ сохт.
Таърих гувоҳ аст, ки зери роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба майдони сохтмонҳои бузург табдил ёфт. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистонро тамоми ҷаҳон мешиносад ва эҳтиром мекунад. Садои кишвари мо аз минбарҳои баланди СММ шунида мешавад. Сиёсати «дарҳои кушода» дӯстони моро дар ҷаҳон зиёд кард.
Ташаббусҳои Пешвои миллат дар бораи об ва иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул шуданд. Дар марҳалаи кунунии рушди давлатдорӣ, саҳми ҷавонони лаёқатманд ва роҳбарони навовар дар таҳкими пояҳои истиқлол хеле назаррас аст. Дар ин раванд, фаъолияти созанда ва хастанопазири Раиси Маҷлиси миллии МаҷлисиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ намунаи олии хизмат ба Ватан ва миллат мебошад.
Таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мақоми олии қонунгузории кишвар—Маҷлиси миллӣ, раванди баррасии қонунҳо сифатан беҳтар гардида, заминаҳои ҳуқуқии ислоҳотисудию ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон боз ҳам таҳким ёфтанд. Сарварии хирадмандонаи вориси лоиқиПешвои миллат дар парлумони кишвар боис шуд, ки қонунҳои қабулшаванда ба талаботи замони муосир ва рушди устувори ҷомеа пурра ҷавобгӯ бошанд.
Ҳамчунин, ташаббусҳои созандаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мақоми Раиси шаҳри Душанбе, пойтахти кишварамонро ба як шаҳри муосир, сабз ва обод табдил доданд, ки имрӯз марказибаргузории чорабиниҳои бузурги сиёсию ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад. Ин нишондиҳандаи тафаккури пешқадам ва саъю кӯшиши пайвастаи эшон баҳри боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аст.
Яке аз рукнҳои асосии давлати демократӣ мавҷудияти ҳокимияти судии мустақил ва адолатпарвар мебошад. Ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар кишвар имкон дод, ки санадҳои қонунгузории соҳавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шаванд. Имрӯз ҳокимияти судӣ дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқи инсон қарор доранд. Вазифаи муқаддаси ҳар як судя таъмини адолати судӣ ва қонуният мебошад, ки ин мустақиман ба устувории пояҳои истиқлол мусоидат менамояд.
Дар амал татбиқ намудани сиёсати ҳуқуқии Пешвои миллат ва таъмини адолати судӣ дар кишвар ба таври мустақим бо заҳматҳои роҳбарияти олии судии мамлакат алоқаманд аст.
Дар ин замина, мо, кормандони ҳокимияти судӣ, дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ва ташаббусҳои ҷавонмардонаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ минбаъд низ тамоми донишумалакаи худро баҳри таъмини волоияти қонун ва адолати судӣ равона месозем.
Бигзор, Истиқлол ҳамеша поянда ва дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ сулҳу осоиш ва дар Ватани маҳбубамон шукуфоии ҷовидона бошад.
Ҳамдамзода А. В.,раиси Суди шаҳри Норак