Иқдоми идонаи “Конститутсия — шаҳодатномаи миллат”

Facebook
Telegram
WhatsApp

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи кишвар таҳти унвони “Конститутсия — шаҳодатномаи миллат” баргузор гардид.

Дар иқдом масъулини МИҲД-и шаҳри Норак иштирок намуда, ҳимни тақдими варақаҳои табрикотии ҷашнӣ зикр намуданд, ки давлати мустақил он давлатест, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад ва артиш мебошад. Дар баробари ин, ҳар як давлат Конститутсия — қонуни асосии худро дорад, ки дар он сохт ва низоми давлатдорӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва тартиби фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян мегардад.

Таъкид шуд, ки Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, пояи асосии давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон иброз гардид, ки ҳар як шаҳрванд уҳдадор аст Конститутсия ва қонунҳоро риоя ва иҷро намояд, дар доираи меъёрҳои он фаъолият бурда, барои пешрафти ҷомеа саҳм гузорад.

Мақсади асосии баргузории иқдоми мазкур баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими эҳсоси ватандорӣ дар байни ҷомеа мебошад.