Иқдоми тозагӣ дар ҷамоати деҳоти Дӯконӣ

Facebook
Telegram
WhatsApp

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вобаста ба эълон гардидани 365 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Норак, дар деҳаи Чортути Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ иқдоми тозагӣ роҳандозӣ шуд.

Дар ҷараёни иқдом ҷавонон бо рӯҳияи баланд ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар тозаву озода намудани кӯчаву маҳаллаҳо саҳм гузошта, намунаи ибрат аз ватандӯстӣ ва худшиносии миллии худро нишон доданд.

Иқдоми мазкур дар партави суханони роҳнамо ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд, инчунин эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагй ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», рӯйи даст гирифта шуда, дастгирии ҷавонон аз ин ташаббуси муҳиму сарнавиштсозро бозгӯ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки чунин иқдомҳои нек ба таҳкими маърифати экологии ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори шаҳр мусоидат менамоянд.