ИҶЛОСИЯИ ПАНҶУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ НОРАК

Facebook
Telegram
WhatsApp

31-уми марти соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сафарзода Абдураҳмон, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд.

Тибқи рӯзнома, дар иҷлосия масъалаҳои рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Норак, аз 18-уми июни соли 2021, №276 «Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон, аз 3-юми майи соли 2021, №142 “Дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 20-уми марти соли 2021, №145 “Дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030”, ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқ, пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, аз ҳавзаи интихоботии №8 ва таъин намудани интихобот, ташкили Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №8, тағйирот ба буҷети МИҲД-и шаҳр барои соли 2026,тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пас аз баррасии масъаҳои мавҷуда вакилон вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Бо ҳамин Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати ҳафтум бо кори худ анҷом бахшид.