
30-юми декабри соли 2025 таҳти раёсати раиси шаҳри Норак, раиси Маҷлиси вакилони халқ Мирзозода Иброҳим иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси Суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин иштирок намуд.
Дар иҷлосия, тибқи рӯзнома, масъалаҳои ҳисоботи раиси шаҳр оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар соли 2025, ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба қабули буҷети шаҳри Норак барои соли 2025, тасдиқи буҷети шаҳр барои соли 2026, муқаррар намудани меъёрҳои андозҳои маҳаллӣ, тасдиқи лоиҳаи Нақшаи муфассали банақшагирии якчанд минтақаҳои маркази шаҳр, қабули Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2026–2030, ҳисоботи комиссияҳои доимӣ ва вакилони шаҳр ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр баррасӣ шуданд.
Нахуст, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2025 ҳисобот дода, дастовардҳо, мушкилот ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи шаҳрро муфассал шарҳ дод.
Сипас, тибқи масъалаи дигар, тасдиқи буҷети шаҳри Норак барои соли 2026 Раҳимзода Суҳроб – сардори раёсати молияи шаҳри Норак баромад намуд.
Дар идома, вобаста ба муқаррар намудани меъёрҳои андозҳои маҳаллӣ барои соли 2026 Холов Довуд – сардори Нозироти андози шаҳр, маълумот пешниҳод намуд ва лоиҳаи қарор бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои вакилон тасдиқ гардид.
Ҳамчунин, вобаста ба тасдиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2026–2030 Шарипов Наҷмиддин- мудири шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳр маърӯза намуда, лоиҳаи қарор аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.
Дар идома ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф ҷавонон ва варзиш аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак аз ҳавзаи рақами 7 шунида шуд.
Ҳамин тариқ, дар охир тибқи рӯзнома тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри шаҳри Норак оид ба масъалаҳои тағйироти кадрӣ ва дар бораи ҷудо намудани маблағ баррасӣ шуданд.
Дар фарҷом намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси Суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин суханронӣ намуд.
Раиси шаҳри Норак, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Мирзозода Иброҳим ба вакилони халқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва фаъолон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ, саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониву бундёдкорӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии мардум дастуру супроришҳои мушаххас дод.