
23-юми июни соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Нахуст, ахбори раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳр №8 шунида шуд.
Тибқи рӯзнома, инчунин, масъалаҳои рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Норак, аз 20-уми марти соли 2025, №38 «Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон, аз 6-уми феврали соли 2025, №36 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26-уми декабри соли 2024, №689 “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2030”, ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои тараққиёти саноат, энергетика, сохтмону меъморӣ, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии роҳ “Доир ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 7-уми июли соли 2022, №208, “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27-уми апрелт соли 2022, №203”, “Дар бораи Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи 2030”, тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Пас аз баррасии масъаҳои мавҷуда вакилон вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.