ИҶЛОСИЯИ ҲАФТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ НОРАК

Facebook
Telegram
WhatsApp

29-уми сентябри соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Абдусаттор, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд.

Тибқи рӯзнома, ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои табиӣ ва хоҷагии коммуналӣ оид рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Норак, аз 17-уми июни соли 2025, рақами 90 «Доир ба қарори Раиси вилояти Хатлон аз 24 июни соли 2024, рақами 143 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон, аз 29-уми апрели соли 2024, Nº224 «Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», ҳисоботи мудири бахши иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак оид ба рафти амалишавии қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, аз 30-юми декабри соли 2025, Nº56 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2026-2030” тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтан

Пас аз баррасии масъалаҳои мавҷуда вакилон вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.