
16-уми декабри соли 2025 кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, сохтору идораҳои дахлдори шаҳр ва кормандони касбу кори гуногун Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.
Дар Паём чун анъана самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар натиҷагирӣ шуда, рушди соҳаҳои кишвар барои соли оянда муайян шуданд.
Кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳри Норак бо рӯҳбаланди тамоми гуфтаҳои Пешвои миллатро қабул намуда, онро ҳамчун дастури раҳнамои фаъолияти соли ояндаи худ маънидод карданд.