КОРМАНДОНИ НБО-И “НОРАК” НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО ТАҶЛИЛ КАРДАНД

Facebook
Telegram
WhatsApp

31-уми март дар Неругоҳи барқи обии “Норак” ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона доир шуд, ки дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастархонҳои идонаи ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллӣ, ки дар саҳни идгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан карданд.

Масъулин зимни суханронии худкормандони неругоҳи мазкурро ба ифтихори ин рӯзи хуҷаста муборакбод гуфта, иброз доштанд, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни ниёгони соҳибфарҳанги мо – Наврӯз дубора эҳё гардида, мазмуну моҳияти нав пайдо кард ва ҳоло ба яке аз беҳтарин ойинҳои мардуми мамлакат табдил ёфтааст.

Гуфта шуд, ки Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст.

Дар идома барномаҳои рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки фазои идонаро боз ҳам зеботар намуд.