
1-уми июни соли 2026, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукӯҳи идона таҳти унвони «Кӯдакон – меваи шаҳдбори боғи Истиқлол» баргузор гардид.
Дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, намояндагони мақомоти давлатӣ, омӯзгорону мураббиён, падару модарон ва кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳр иштирок намуданд.
Нахуст, роҳбарияти шаҳри Норак ва дигар шахсони расмӣ ба намоиши дастовардҳои кӯдакону наврасон, корҳои эҷодӣ, расмҳо ва ҳунарҳои мардумӣ шинос шуда, ба онҳо барои иштироки арзанда ва маҳорати баланди эҷодӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Зимни сухани табрикотӣ раиси шаҳри Норак иброз дошт, ки кӯдакон ҳамчун меваи шаҳдбори боғи Истиқлол ва ояндаи дурахшони миллат таҳти таваҷҷуҳу ғамхории доимии давлату Ҳукумат қарор дошта, барои таълиму тарбия, рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии онҳо тамоми шароити мусоид муҳайё гардидааст.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кӯдакону наврасони фаъол, ғолибони озмунҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва мураббиёни онҳо бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бахши фарҳангии чорабинӣ бо иштироки кӯдакону наврасон хеле ҷолибу хотирмон баргузор гардида, суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва қироати шеърҳо дар васфи Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу ваҳдат ва кӯдакӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.